Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Шаҳрвандони мамлакат метавонанд минбаъд тавассути сомонаи нав parlament—tj бо фаъолияти Парламенти Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон сари вақт огоҳ шуда, робитаи электронӣ барқарор намоянд.
Дар сомона мавод ба се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад.
Блоки рекламавӣ



