Ширкати тоҷикии “Сомон Эйр” тасмим гирифт, ки 14 ҳавопаймои иқтисодии 787 Dreamliner ва 737 MAX-и ширкати амрикоии Boeing-ро харидорӣ кунад. “Ин фармоиш бузургтарин дар таърихи ширкати миллии ҳавопаймоии ҷумҳурӣ хоҳад буд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуотии он.
Ба гуфтаи Директори генералии “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев, ин сармоягузории назаррас натанҳо аввалин фармоиши интиқолдиҳандаро барои ҳавопаймоҳои васеъфюзеляжӣ нишон медиҳад, балки ӯҳдадории ширкати Тоҷикистонро ба таъмини хизматрасонии истисноӣ ва бароҳат барои мусофирон тасдиқ мекунад.
Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳоло шаш ҳавопаймои Boeing — 737 Next Generation-ро истифода мебарад, ки дар 25 самт дар Аврупо, Осиё ва Ховари Миёна парвоз мекунанд.
Бо фармоиши нав ширкат метавонад шумораи парвозҳои байналмилалиро аз фурудгоҳи Душанбе зиёд кунад. Аз ҷумла, васеъ кардани шабакаи хатсайрҳои байниқитъавӣ, инчунин афзоиши шумораи парвозҳо ба масофаҳои кӯтоҳ ва миёна ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, истифодаи ҳавопаймоҳои муосир имкон медиҳад, ки сӯзишворӣ нисбат ба дигар ҳавопаймоҳо 20-25% сарфа карда шавад, ки дар навбати худ ба кам шудани хароҷоти ҷойи мусофирбарӣ ва нигоҳдорӣ оварда мерасонад.

“Сомон Эйр” нияти харидани 14 ҳавопаймои Boeing-ро эълон кард
Блоки рекламавӣ


