Дар соли 2025 дар Тоҷикистон 23,452 ҷиноят ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 1,138 ҳолат зиёдтар аст. Аз ин шумора 1,003 ҷиноят (4%) ба қочоқи маводи мухаддир алоқаманд буданд.

Дар соли 2024 чунин ҷиноятҳо 164 камтар буданд. Инро имрӯз дар нишасти матбуотӣ Зафар Самад, раиси Агентии назорати маводи мухаддири кишвар, эълон кард. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5 тоннаву 280 кг маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 кг 835 грамм (21%) зиёдтар аст. Аз ҷумла, қариб 253,5 кг моддаҳои психотропӣ мусодира карда шуданд, ки нисбат ба соли 2024-ум 142 кг зиёдтар аст.

Қисми зиёди моддаҳои психотропии мусодирашуда – 247 кг (97%) – метамфетамин буданд, ки нисбат ба соли 2024 141 килограмм зиёдтар аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь