Айни замон дар майдони Теппаи Қӯрғони маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар арчаи солинавиро насб карда истодаанд, ки баландии он 24 метр буда, паҳноиаш 10 метрро ташкил медиҳад.
Сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ, чароғонкунӣ ва ороиши шаҳри Бохтар Ёрмаҳмад Назарзода гуфт, арчаи солинавӣ бо дасгирии МИҲД- и шаҳри Бохтар дар майдони Терппаи- Қӯрғони шаҳр бо тарзи замонавӣ ва ороишҳои хуб насб гардида истодааст. Ӯ иттилоъ дод, ки арчаи имсола нисбати нисбати соли 2024 чор метр балантар ва паҳноиаш 2 метр зиёд мешавад.
Қайд гардид, ки барои бозии кӯдакон дар атрофи арча кулбаҳо ва дигар ороишот ташкил карда мешавад. Ӯ гуфт, арчаи имсола ба куллӣ аз арчаҳои соҳои гузашта фарқ карда, зеботару муосиртар аст.
Бояд гуфт, ки то истиқболи Соли Нави мелодӣ рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст ва имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон насби арчаҳои солинавӣ оғоз гардида, баландтарин арчаи солинавӣ аз шаҳри Бохтар мебошад.

Сокинони Бохтар соли 2026-ро бо арчаи 24 метра пешвоз мегиранд
Блоки рекламавӣ


