Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» босуръат идома дорад. Он бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ бунёд гардида, имкон медиҳад, ки дар як вақт беш аз 1000 нафар ба тамрин фаро гирифта шаванд. Дар назар аст, ки дар муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд майдони нави варзишии замонавӣ бо фарогирии тамоми шароити зарурӣ сохта шавад.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд низ мутобиқи нақша идома доранд. Бунёди чунин иншооти замонавӣ ба фароҳам овардани шароити муносиби фаъолияти кормандон ва тақвияти ҳамкории иқтисодию соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон дар соҳили дарёи Сир сохтмони тарабхонаҳои замонавии брендӣ идома дорад. Масъулини тарабхонаи брендии «Форел» тасмим гирифтаанд, ки иншооти нав бунёд намуда, самти фаъолиятро густариш диҳанд. Ин иқдом ба таъсиси ҷойи нави кор ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» низ татбиқи лоиҳаҳои нав идома дорад. Бо амалӣ шудани лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ва ҷойи нави кор таъсис меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь