Бо мақсади пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ ва таъсири боришоти жола ва ҳифзи соҳаи боғу токпарварӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Раёсати Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зидди жола идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур шинос шуд.
Тавре зикр гардид, сохтмони стансияи зидди жола бо маблағгузории Бонки рушди Осиё амалӣ шуда истодааст. Ин иншоот дар ҳифзи майдонҳои боғу токзор, бахусус дар давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ, нақши муҳим мебозад.
Стансияи мазкур имконият дорад, ки майдонҳои васеи боғу токзорро дар масофаи беш аз 100 километр аз таъсири манфии боришоти жола муҳофизат намояд. Он бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир бунёд гардида, боғу токзори шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Истаравшанро аз таъсири жола ҳифз хоҳад кард.
Бо назардошти он ки навоҳии зикршуда аз минтақаҳои асосии боғу токпарварии кишвар ба шумор мераванд, татбиқи роҳу усулҳои муосири ҳифзи ҳосил аз тадбирҳои муҳим ва судманд арзёбӣ мегардад. Пароканда намудани абрҳои хатарнок ва пешгирии боришоти жола имкон фароҳам меорад, ки ҳосили деҳқонон аз талаф эмин нигоҳ дошта шавад.
Ба таъкиди масъулон бунёди чунин стансияи замонавии зидди жола ҳамчунин дар водии Зарафшон низ дар назар дошта шудааст.
Корҳои сохтмониро дар ин иншоот мутахассисону масъулони ҶДММ «Сохтмон-3» ба уҳда дошта, талош доранд, ки корҳои сохтмонӣ то оғози мавсими боришоти имсола ба анҷом расонида шаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулон ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сохтмони стансияи зидди жола
Блоки рекламавӣ


