Дар Душанбе нақша доранд, ки соли 2028 ба сохтмони хатти аввали метрополитен шурӯъ кунанд. Хат аз қисми ҷанубии шаҳр то марказ мегузарад ва дарозии он тақрибан 10,5 километрро ташкил медиҳад.
Дар ин бора муовини шаҳрдори пойтахт Раҳмиддин Саломзода хабар додааст. Моҳи марти соли 2022 Вазорати нақлиети Тоҷикистон ва ширкати миллии роҳи оҳани Корея ёддошти тафоҳумро имзо карданд, ки дар он тарҳрезии метро дар Душанбе пешбинӣ шудааст.
Дар лоиҳа мутахассисони вазорати нақлиёт, шаҳрдории Душанбе ва чанд ширкатҳои Кореяи ҷанубӣ кор мекунанд.
Пас аз татбиқи лоиҳа, Тоҷикистон пас аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки метро доранд, сеюмин кишвари Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Блоки рекламавӣ



