Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони сохтакорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо роҳи сохтакорӣ муҳри муассисаи гимназияи хусусии “Ҳиммат”-ро омода намуда, ба номи “Мадина” ном шахс маълумотнома дар бораи музди меҳнат ба миқдори 29 ҳазору 403 сомонӣ ва 16-уми июли соли 2025 бо номи ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ба миқдори 19 ҳазору 187 сомонӣ, 15-уми августи соли 2023 бо номи зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе ба миқдори 23 ҳазору 203 сомонӣ тайёр намуда, дар он муҳр ва имзо гузошта, маълумотномаҳои омодакардаашро ба ҶСК “Бонки Эсхата”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар бонкҳо пешниҳод намуда, намояндагони бонкро гумроҳ карда, ба номи шахсони зикршуда қарзҳои гуногун гирифта, маблағҳои мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь