Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ сохтмони бинои нави маъмурии ҷамоати деҳот, иборат аз се ошёна ва таҳхона, бинои беморхонаи минтақавии Роҳатӣ, иборат аз се ошёна ва таҳхона, бинои Муассисаи томактабӣ барои зиёда аз 240 кӯдак, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №190 барои 800 хонанда дар ду баст, варзишгоҳи калон, майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чароғонкунии роҳҳои ҷамоат тавассути чароғҳои обтобӣ, сафолакпӯшкунии пиёдаравҳо, осорхона ва китобхонаи минтақавии Мавлави Ҷунунӣ, Хонаи ҳунармандон, Мактаби касбомӯзии калонсолон, иборат аз се ошёна ва мумфаршнамоии роҳҳои маҳаллию гулгаштҳо ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар арафаи анҷом қарор дорад. Ҳамчунин дар деҳаи Мавлавии Ҷамоати деҳоти Гулистон корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон барои 100 кӯдак ва бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №198 барои 480 хонанда дар ду баст ба анҷом мерасанд.
Бунёди ин иншоот бо ташаббуси раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ба роҳ монда шуда, дар сохтмони онҳо саҳми соҳибкорони ватандӯст, сокинони деҳот ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ калон аст.

Соҳибкорони маҳаллӣ зодгоҳашонро обод мекунанд
Блоки рекламавӣ


