Дар нӯҳ моҳи соли 2025 аз тарафи соҳибкорони ватанӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо харҷи 82 миллиону 795 ҳазор сомонӣ роҳҳои харобгаштаи маҳаллӣ, пулҳои мошингузар таъмиру босозӣ шуданд, ки ин маблағ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 56 миллону 560 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Исмон Тағойбекзода гуфт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 136 км роҳ бо харҷи 75 миллиону 640 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ, 183,100 км роҳ бо харҷи 3 миллиону 838 ҳазор сомонӣ сангфарш, 8 км роҳ бо харҷи 127 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ карда шудааст.
Ҳамзамон 30 пули мошингузар бо дарозии 400 метр бо харҷи 3 миллиону 31 ҳазор сомонӣ, 2 адад қубур бо дарозии 24 метр ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ва 16 адад системаи чароғонкунӣ ба маблағи 38 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ дар таъмири роҳҳо саҳми соҳибкорони ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Вахш, Кӯшониён, Ҷайҳун ва ноҳияи Шаҳритус аз ҳама зиёд мебошад.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Исмон Тағойбекзода афзуд, ки дар минтақа як ҳазору 977,3 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошанд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештари онҳо аз ҷониби соҳибкорон таъмиру босозӣ карда шуда, айни замон таъмири роҳҳо идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь