Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода гуфтааст, даҳҳо “майнинг-ферма” ё макони истеҳсоли пули рақамӣ (криптовалюта)-ро дар кишвар ошкор кардаанд.
Ба қавли Ҳабибулло Воҳидзода, “соҳибони ин дастгоҳҳои пулсозии рақамӣ ба миқдори қариб 39 миллион сомонӣ барқро пинҳонӣ истифода бурдаанд”. Дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар Бонки миллӣии кишвар, истифодаи пули рақамиро бо сабаби набудани назорати лозима қабул надоранд. Ҳабибулло Воҳидзода, гуфтааст, ки “ҳукумат овардани ҳамагуна дастгоҳи тавлиди пули рақамиро ба Тоҷикистон манъ кардааст. Ин дастгоҳҳо бо ҳар роҳу воситаи ғайриқонунӣ ва қочоқ ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Ин воситаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ворид карда шуда, бо истифодаи мутахассисон пинҳонӣ пайваст карда шуда, аз нерӯи барқ ғайриқонунӣ истифода мебаранд,”. Тибқи маълумоти Ҳабибулло Воҳидзода, “аз ҳисоби коргоҳҳои пинҳонии тавлиди пули рақамӣ 38,7 миллион сомонӣ маблағи истифодаи барқ ошкор шудаю ин зарар барқарор шудааст”.