Президенти Қирғизистон таъсиси як бонкро аз тарафи писари хурдиаш шарҳ дод. Ба гуфтаи Содир Ҷабборов, бонки “Баракат” ширкати хусусист ва барои ҳамин бадие надорад, агар писари ӯ ба тиҷорат машғул шавад. Ӯ афзуд, фарзандонаш мансабҳои давлатӣ надоранд ва ба сиёсат дахолат намекунанд. Аммо муассиси як бонк шудани писари Ҷабборов баҳсҳоеро дар Қирғизистон ба миён овард.
Таъсиси “Баракат Бонк”, аввалин бонки рақамӣ дар Қирғизистон пешниҳоди тоҷири чинӣ Чанпэн Чжао буд. Чжао бунёдгузори бозори пули рақамӣ ё криптовалюта аст. Ҷабборов эътироф кард, ки ӯ мехост бонк давлатӣ шавад, аммо тоҷири чинӣ нахост. Ба гуфтаи президенти Қирғизистон, ҷалби писари ӯ ба кори бонк пешниҳоди Марат Султонов, раиси пешини порлумон буд. Султонов муассиси дувуми ин бонк аст.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар суҳбат ба хабаргузории давлатии “Кабар” гуфт, “Марат Султоновро ба унвони бонкдори собиқ даъват кардам, то дар ташкили кор ёрӣ кунад. Чанпэн Чжао ва Марат Абдураззоқович ҳамчунин Нурдоолотро ба гурӯҳи худ даъват кард. Чанд вақт дар ин бора фикр кардам ва иҷоза додам, ки бо онҳо кор карда, таҷриба гирад. Ин беҳтар нест, ки онҳо ба корҳои худашон машғул бошанд ва ба корҳои давлатӣ дахолат накунанд?”
“Озодӣ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь