Бо мақсади рушди соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ дар мамлакат «Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти минбаъдаи пурсамари муассисаҳои фарҳангии мамлакат ва ҳалли маҷмуии мушкилоти мавҷудаи соҳа аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои «Консепсияи муаррифии фарҳанги миллӣ барои солҳои 2026-2040», «Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат, рассомӣ ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» имзо шудаанд.

Соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ рушд мекунад
Блоки рекламавӣ


