Тибқи қарори шаҳрдории Маскав, арзиши “патент” ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди пойтахти Руссия боло бурда шуд. Қарор аз ҷониби шаҳрдори Маскав Сергей Собянин имзо гардид.
Тибқи ин қарор аз якуми январи соли 2026 муҳоҷирон ба ҷои 8 ҳазору 900 рубл, ба буҷаи ин кишвар ҳар моҳ 10 ҳазор рубл мепардозанд.
Моҳи октябр, Кумитаи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии маҷлиси вакилони Маскав тарҳи қонун барои боло бурдани арзиши “патент” барои шаҳрвандони хориҷиро омода ва баррасӣ намуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь