Аз беш аз 717 ҳазору 823 дона ниҳоли шинонида, ки дар мавсими ниҳолшшинонии соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинонида шуда буданд, 132 ҳазораш, яъне 23 дарсадаш хушк шудааст. Дар ин бора сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Собирзода Қурбоналӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки хушкшавии дарахтон бештар дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Панҷ зиёд ба чашм мерасад.
Дар ноҳияи Шаҳритус 40 дарсад дарахтони шинонидашуда Панҷ, 40 фоиз, Носири Хусрав 40 дарсад ва шаҳри Бохтар 12 дарсад дарахтони соли 2025 шинонида шудаанд хушк шудаанд.
Номбурда омилии асосии хушкавии дарахтонро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вобаста ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ номид.
Блоки рекламавӣ



