“Собиқ вазири кишоварзии Ӯзбекистон Азиз Воитов дар парвандаи “дуздии махсусан калон” айбдор шуда, ба се соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шуд. Чунин қарорро 15 сентябр суди ноҳияи Миробод оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ содир кард”, – хабар дод Хадамоти матбуоти Суди Олӣ.
Суд Воитовро бо банди “а” қисми 3, моддаи 167 КҶӮ (” Дуздӣ бо тасарруфи маблағ”, ки дар андозаи махсусан калон содир шудааст) гунаҳкор донист. Ба вай ҷазо дар шакли корҳои ислоҳӣ бо нигоҳ доштани 30% даромади моҳона ба хазинаи давлат таъин карда шудааст. Инчунин аз Воитов 400 андозаи асосии ҳисобшуда (164,8 миллион сӯм, муодили 13,3 ҳазор доллар) ҷарима ситонида шуд. Ба вазири собиқ дар давоми се сол ишғол намудани вазифаҳои роҳбарикунанда манъ аст.
Блоки рекламавӣ



