Тибқи иттилои Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон оид ба ҳуқуқи инсон, моҳи сентябр дар колонияи занонаи Дашогуз (Туркманистон) Қурбонбибӣ Атаҷоноваи 78-сола, ки аз апрели соли 1997 то апрели соли 2006 Прокурори генералии Туркманистон буд, аз дунё гузашт.
Қурбонбибӣ Сенгреновна Атаҷонова соли 1947 дар шаҳри Тедҷен таваллуд шудааст. Пас аз гирифтани маълумоти олии ҳуқуқӣ, вай аз ёвари Прокурори ноҳия то Прокурори генералии кишвар фаъолият дошт. Моҳи апрели соли 1997 Президент Сафармурод Ниёзов ӯро ба вазифаи Прокурори ҷумҳурӣ таъин намуд. Дар давраи роҳбарии Прокуратураи генералӣ Атаҷонова мақоми назоратиро ба системаи ҷазодиҳӣ табдил дод. Бо истифода аз эътимоди аз ҳад зиёди Туркманбошӣ, вай репрессияҳои васеъмиқёсро анҷом дод, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро ба таъқиби замони Ежов ва Берия муқоиса мекарданд. Таъқибҳо пас аз гуие ноком шудани сӯиқасд ба Ниёзов дар моҳи ноябри соли 2002, вақте ки садҳо нафар дастгир карда шуданд, махсусан шадид буданд.
Аммо 24 апрели соли 2006 Атаҷонова дар толори маҷлиси кабинети вазирон дастгир карда шуд. Вайро дар ҷиноятҳои коррупсионӣ айбдор карданд: Аз ӯ 13 хонаи истиқоматӣ, корхонаи хишт, осиёб, парки мошинҳо, беш аз шаш миллион доллар ва дигар амвол мусодира гардид. Сипас ӯро аз тамоми унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ “барои содир кардани кирдори номатлуб” маҳрум намуданд.
Моҳи декабри соли 2006 Атаҷонова ҳамроҳи духтараш ба колонияи занонаи Дашогуз интиқол дода шуд. Тақдиррро бинед, ки вай ба ҳамон зиндоне афтод, ки чанде пеш аз боздошт ҳамчун Прокурори генералӣ санҷида буду ва шароити онро “курорт”меномид. Дар колония вай дар як блоки ҷудогона барои хешовандони “душманҳои халқ” нигоҳ дошта мешуд.
Колонияи занонаи Дашогуз бо шароити шадиди нигоҳдорӣ, ки дар он шиканҷа, латукӯб ва меҳнати маҷбурӣ амалӣ карда мешавад, маъруф аст. Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, дар муассиса то имрӯз зиёда аз 2000 зани зиндонӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь