Собиқ мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Хуросонро барои баргузории ҷашни зодрӯзаш дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Бохтар 300 нишондиҳанда яъне 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардаанд. Дар ин бора Мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими шаҳри Бохтар Манучеҳр Қодиров ба “Фараҳ” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт дар маҷмӯъ дар шаҳри Бохтар давоми соли ҷорӣ 9 нафар сокинон барои риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ҷарима карда шудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд аст.
Номбурда иттилоъ дод, ки дар ин давра дар маҷмӯъ дар шаҳр 1334 маъракаҳо гузаронида шудааст, ки аз ин 1230 ададаш туйҳои домодиву арусӣ ва 45 маросими азодорӣ мебошад. Дар ин туйҳои домодиву арӯсӣ беш аз 5 миллиону 800 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь