12 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар доираи Иҷлосияи 80-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо назардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад ва соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Бо ироаи ин пешниҳод, Роҳбари давлат аҳамияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуданд.
Санади мазкур соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон менамояд, ки ин рӯйдод қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ташвиқи ҷомеаҳои огоҳ, адолатпеша ва масъулиятпазир ба ҳисоб меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь