“Англия аз иштирок дар амалиёти муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмуз даст кашид” – хабар дод Sky News бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати ин кишвар. Пештар Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошта буд, ки Англия барои тоза кардани минаҳои роҳи баҳрӣ тралшерҳо пешниҳод мекунад.
“Мо озодии интиқол дар гулӯгоҳи Ҳурмузро идома медиҳем, ки барои нигоҳ доштани иқтисоди ҷаҳонӣ ва коҳиш додани арзиши зиндагӣ дар кишвар хеле зарур аст” – гуфт ҳамсӯҳбати Sky News.
Манбаи шабакаи телевизионӣ илова кард, ки Англия бо Фаронса ва шарикони дигар кор мекунад, то “ба таври фаврӣ” “эътилофи васеъ барои ҳимояи озодии киштигардӣ” – ро таъсис диҳад. Ҳамсӯҳбати Sky News пардохти ҳаққи гузариш аз гулӯгоҳи Ҳурмузро ғайри қобили қабул номид.
Доналд Трамп пас аз анҷоми музокироти ҳайатҳои Амрико ва Эрон дар Покистон муҳосираи обдараи Ҳурмузро аз ҷониби Нерӯҳои баҳрии ИМА эълон кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь