Зимни нишасти хабарии раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода гуфта шуд, дар шаҳри Ҳисор 5 корхонаи саноатӣ аз кор мондаанд.
Дар ин давр аз ҷумла корхонаи коркарди шири ҶДММ “Шири покиза”, маҳсулоти бетони ҶДММ “Нури Наср”, коркарди ҷуворимаккаи ҶДММ “Ситаб Агро”, коркарди пахтаи ҶДММ “Бунафша-2013” ва ҶСК “Пахтаи Ҳисор” аз сабаби надоштани маблағи гардон, куҳнаю фарсуда гардидани дастгоҳу таҷҳизотҳои истеҳсолӣ аз фаъолият бозмондаанд. Саодати Абдукарим
Блоки рекламавӣ