31 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи ҳамоиши 43-уми ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқанд, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов мулоқот кард.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ оид ба масоили муҳими муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо, ба хусус дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва густариши равобити гуманитарӣ табодули афкор доштанд.
Вазирон бо тамаркуз ба сатҳи вусъатёбандаи ҳамкории фарогир байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, азми устувори худро ҷиҳати равонасозии саъю кӯшишҳо барои тақвияти муносибатҳои дӯстиву бародарии мардумони ду мамлакат ҳарф заданд.
Блоки рекламавӣ



