19 ноябр дар шаҳри Брюссел мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, намояндаи олӣ оид ба сиёсати хориҷӣ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо хонум Кая Каллас баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи неруи «сабз», идомаи муколамаи сиёсӣ ва амниятӣ ва таҳкими пояи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ таҳлил қарор доданд.
Блоки рекламавӣ



