24 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти солонаи Гурӯҳи 77 ва Чин (G77) ширкат кард.
Вазири корҳои хориҷии мамлакат талошҳо барои суръат бахшидан ба ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таҳкими низоми бисёрҷонибаро дастгирӣ кард. Инчунин зимни изҳороти ҷониби Тоҷикистон диққати махсус ба зарурати ислоҳоти сохтори молиявии байналмилалӣ, таҳкими сулҳу амният ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни таъкиди аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва мудирияти захираҳои об нақши фаъол ва созандаи Тоҷикистонро дар ташаббусҳои таъмини рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим зикр кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь