Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 66-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми феврали соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 63-солаи сокини ноҳияи Ёвон, аз ҳисиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қисмати гарданаш зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



