Чуноне қаблан таъкид гардида буд, бо мақсади танзими нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирии худсарона баланд бардоштани арзиши онҳо дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт мунтазам рейду амалиётҳои санҷишӣ баргузор карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ду ҳолати худсарона бо нархи баланд ба фурӯш гузоштани гӯшт ошкор гардид.
Муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Абдуллаев Абдулазиз ва Фирӯзҷони Маҳмадулло, ки дар фурӯшгоҳи «Мағозаи гушт», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови ноҳияи Сино, ба фурӯши маҳсулоти гӯштӣ машғул мебошанд, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ аз ниёзмандии шаҳрвандон истифода бурда, нархи маҳсулотро беасос баланд намудаанд.
Нисбати номбурдагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суди ноҳияи Сино нисбати ҳар яки онҳо ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 4 шабонарӯзӣ таъин гардид.
Бори дигар аз кулли соҳибкорон даъват карда мешавад, ки аз баланд бардоштани нархи маҳсулоти хурокворӣ қатъиян худорӣ намоянд. Корҳои санҷишӣ дар ин самт минбаъд пурзӯр карда мешаванд.

Сино: Ҳабси маъмурии гӯштфурӯшони худсар
Блоки рекламавӣ


