Аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир мегардад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Дар назар аст, ки дар ҷашнвора меҳмони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо ширкат кунанд.
Дар доираи ин ҷашнвора баргузории ҷаласаи Шӯрои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ ва дарси «Устод ва шогирд» дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба доир мегардад. Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» соли 2023 доир гардида буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь