Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки маҳз ӯ номи силоҳи “дискомбобулятор” – ро ихтироъ кардааст, ки онро низомиени амрикоӣ ҳангоми ҳамла ба Венесуэла истифода кардаанд. Ҷумҳурихоҳ дар мусоҳиба бо телевизиони NBC изҳор дошт, ки бо ин ном ифтихор мекунад.
“Ба ман иҷозат дода намешавад, ки дар ин бора сӯҳбат кунам. Шумо медонед, ки ин силоҳ чӣ кор мекунад? Ҳеҷ яке аз дастгоҳҳои онҳо кор намекард, ин аст он чизе ки мекунад. Ин номи гузоштаи ман буд, ман аз ин ном хеле ифтихор мекунам. Ҳама чиз “дискомбобулизатсия карда шуд” – гуфт Трамп. Ба гуфтаи ӯ, низомиёни амрикоӣ тавонистанд душманро пурра безарар гардонанд, бе аз даст додани “на як нафар” ва “на як адад техника”. Трамп таъкид кард, ки амалиёти дуздидани Николас Мадуро дар “вазъияти хеле вазнин ва бад” сурат гирифтааст, зеро қароргоҳи Президенти сарнагуншуда бевосита дар пойгоҳи низомии Амрикои Ҷанубӣ ҷойгир буд. “Амалан ягон тир кушода нашуд. Шумо медонед, ки онҳо омода буданд. Ва вақте ки мо омадем, онҳо ҳеҷ коре карда наметавонистанд. Вай ҳама чизро “дискомбобул” кард. Ҳеҷ чиз кор накард, аз ҷумла одамон. Вай сарбозонро кушт ” – гуфт Президенти Амрико.
Discombobulator метавонад ба забони русӣ ҳамчун “дезориентатор”тарҷума шавад. Discombobulator аз омезиши феъли discombobulate (нофаҳмо, печида) ва суффикси-or гирифта шудааст.
New York Post бо истинод ба як низомии Венесуэла навиштааст, ки дар ҷараёни амалиёти ишғоли Президенти Венесуэла Мадуро амрикоиҳо аз силоҳи номаълум истифода карданд, ки “мавҷи шадиди садо” – ро ба вуҷуд овард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь