Ибодов Файзиддин, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Ҳисор, ки қаблан бо моддаҳои 339 (тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, муҳр), 244 (дуздӣ) ва 247 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дубора ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи сеюми феврали соли ҷорӣ, дар кӯчаи М.Турсунзода, пинҳонӣ аз дохили воситаи нақлиёти як нафар сокини пойтахт, маблағи нақд дар ҳаҷми 33-ҳазор доллари амрикоиро рабудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ибодов Ф., тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Бори дигар аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ дар дохили воситаи нақлиёти худ маблағҳои пулӣ ва дигар ашёҳои арзишмандро нагузоранд.

Сию се ҳазор долларро бурд
Блоки рекламавӣ


