Руссия ва Чин кишварҳои асосии ғолиб дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мебошанд. Дар ин бора Президенти Чин Си Ҷин Пин дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт.
“9 май ва 3 сентябр мо дар ҷашнҳои Ғалаба дар меҳмонии якдигар иштирок мекунем” – гуфт Си Ҷин Пин. “Ин аллакай анъана шудааст.” Вай изҳор дошт, ки ин анъана ба “масъулияти бузурги Чин ва Руссия ҳамчун кишварҳои асосии ғолиб” ишора мекунад. Раҳбари Чин илова кардааст, ки иштироки муштарак дар ҷашнҳо азми ду кишварро дар ҳимояи натиҷаҳои ҷанг ва ҳақиқати таърихӣ нишон медиҳад.
Дар доираи сафари худ ба Чин Владимир Путин дар паради 80-солагии анҷоми ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ дар Пекин иштирок мекунад.
Блоки рекламавӣ



