Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария рӯзи 11-уми март эълон кард, ки бинобар ҷанг дар Ховари Миёна ва афзоиши хатарҳои амниятӣ, сафорати худро дар Теҳрон муваққатан мебандад.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, дар эъломияи ин вазорат гуфта шудааст, ки Швейтсария бо машварати ду кишвар ба ҳифзи хати иртиботи боз байни Амрико ва Эрон идома хоҳад дод.
Ҳукумати Олмон ҳам ба далели таҳдидҳои амниятӣ аз даргириҳои низомӣ дар Ховари Миёна намояндагиҳои дипломатии худро дар минтақа, аз ҷумла, Эрон ва Ироқ кам кардааст.
Як сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Олмон рӯзи 11-уми март ба хабарнигорон гуфтааст, ки “кормандони намояндагиҳои Олмон бинобар вазъияти таҳдидомези феълӣ, муваққатан коҳиш дода шуданд”.
Блоки рекламавӣ



