Шариф Норзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар хусуси омори дақиқи шумораи муҳоҷирон дар Русияро чунин шарҳ дод:
“Мо наметавонем омори дақиқе аз теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар нимаи аввали соли 2025 ба Русия рафтаанд, пешниҳод кунем. Мо омори омехта дорем. Дар Русия ҳамаи нафаронеро, ки марзи ин кишварро убур мекунанд, муҳоҷир ҳисоб мекунанд. Ҳоло он ки теъдоди зиёди шахсоне, ки аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, бо ҳадафҳои дигар, ба мисли, дидори хешовандон, тиҷорат, таҳсил, табобат ва ғайра ба ин кишвар сафар мекунанд. Аз ин рӯ, ин масъаларо аввал мо бо ҷониби Русия баррасӣ мекунем, то омор дуруст бошад”.
Блоки рекламавӣ