Тоҷикистон соли гузашта ба яке аз 5 харидори асосии оби ҷави Русия табдил ёфтааст.
Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия рӯзи 20-уми январ бо такя ба иттилои маркази “Агроэкспорт” навиштааст, ширкатҳои русӣ соли 2025 ба андозаи бештар аз 103 миллион доллар оби ҷав фурӯхтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024-ум 19 дар сад бештар аст.
Дар миёни харидорони асосии оби ҷави русӣ Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистону Тоҷикистон будаанд. Се дар сади оби ҷави содиротии Руссияро соли 2025 дар Тоҷикистон харидаанд.
Руссияву Тоҷикистон ду шарики тиҷоратии наздик ҳастанд, вале маҳсулоти аслии воридотии Руссия ба Тоҷикистон нафту газ мебошад.
Блоки рекламавӣ



