Дар деҳаи Бердибекободи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон корхонаи нави истеҳсоли асфалт ба фаъолият оғоз кард.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додаанд, ки дар марҳилаи оғози фаъолияти расмии корхона, роҳбарияти вилоят таъкид намуданд, ки аввал роҳҳои марказии шаҳри Хоруғ мумфарш карда шаванд ва баъди анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ дар маркази вилоят, иқдомоти минбаъда ба сӯи навсозии дигар роҳҳо равон гардад.
Бунёди корхонаи нави саноатӣ дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон дар доираи татбиқи ҳадафҳои эълонгардидаи «Солҳои рушди саноат» амалӣ гардида, ба таъмини маҳсулоти асфалти зарурӣ барои мумфаршкунии роҳҳои дохили ноҳияҳо ва шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат менамояд.
Арзиши умумии лоиҳа беш аз 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ буда, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Шоҳрух Искандаров сохта шудааст.

Шуғнон: Корхонаи нави истеҳсоли асфалт
Блоки рекламавӣ


