Дар пайи ҳамлаи гург дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Шуғнон, кӯдаки тақрибан 9-сола ҳалок шуд.
Бино ба иттилои мақомот ҳодиса рӯзи 9-уми феврал дар деҳаи Шазуди Ҷамоати Ванқалъа рух дод.
Гурги гурусна дар роҳ ба мактаб ба як хонандаи синфи се ҳуҷум кард.
Ҷузъиёти бештари ҳодиса маълум нест.
Дар пайи ҳамлаи гург ба хонанда, раиси вилоят ба раҳбарони ноҳияҳо дастур дод, ки дар минтақаҳои куҳӣ мактаббачаҳо бо роҳнамоии калонсолон ба мактаб бурда шаванд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар сурати мушоҳидаи гургон дар наздикии хонаҳои худ фавран ба милиса хабар диҳанд.
Дар фасли сармо хатари ҳамлаи гургу ҷонварони дигари ваҳшӣ ба сокинон дар Бадахшон зиёд мешавад. Дар гузашта низ дар ин минтақа дар пайи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ маргу мири сокинон сабт шуда буд.

Шуғнон: Ҳамлаи гург ба мактабхони нӯҳсола
Блоки рекламавӣ


