Ин рақамро намояндагони Оҷонсии мубориза бо коррупсия рӯзи 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон эълон карданд.
Фирӯз Камолзода, муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасод, изҳор дошт: “Нисбат ба масъулони шуъбаи бақайдгирии имтиҳоноти БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Барои бе расмиятдарории гумрукӣ ба қайд гирифтан ва додани рақами воситаҳои нақлиёт.”
Дар ҷараёни таҳқиқ, ба гуфтаи ӯ, “зиёда аз 253 миллион сомоние, ки барои надодани пардохтҳои гумрукӣ ба миён омада буданд, аз ҳисоби кормандони БДА ва соҳибкорони дигар пурра ба буҷа ворид гардид. Парванда нисбат ба онҳо ба суд (додгоҳ) фиристода шуд.”
Блоки рекламавӣ



