Намояндагони созмони Оғохон бо сарварии Шоҳзода Раҳим Оғохони V ба Қирғизистон омаданд. Вайро Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон, Шоҳзода Ҳусейн Оғохон ва Шоҳзода Фарин Оғохон ҳамраҳӣ мекунанд. Меҳмонони фахриро дар фурудгоҳи “Манас” аз ҷониби муовини Сарвазир Эдил Байсалов ва муовини аввали вазири сохтмон Самат Ҷантелиев пешвоз гирифтанд.
15 сентябр дар Қирғизистон бори аввал ҷоизаи Оғохон дар соҳаи меъморӣ тақдим карда мешавад. Дар доираи чорабинӣ лексияҳои оммавӣ, намоишгоҳҳо ва 16 сентябр семинари академӣ баргузор мегардад. Ҷоизаи бонуфуз дар се сол як маротиба тақдим мешавадд, ки фонди ҷоизаи он 1 миллион долларро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь