Тавре иттилоъ дода будем, бинобар тармафароии зиёд ва боқӣ мондани хавфи тармафароӣ дар роҳи Душанбе- Чаноқ, хоса километрҳои 49 – 83 (ҳудуди ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ) ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд.
Субҳи имрӯз бартарафсозии тармаҳо, васеъ кардани роҳ дар минтақаҳое тарма фаромада буд, инчунин коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш идома ёфта, тамоми кӯшиш ба он равона шудааст, то роҳ зудтар боз шавад.
Аз шаҳрвандон хоҳишмандем, ки то пахши иттилоъ дар бобати кушода шудани роҳ ба сафар набароянд.
Таъкид менамоем, ки иқдоми мазкур, яъне муваққатан маҳдуд намудани гузариши автомобилҳо, пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарии ронандагону мусофирон дахл дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь