10 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври расмӣ ифтитоҳ шуд. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Мусобиқа тибқи тақвими Федератсияи байналмилалии шоҳмот ва Нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 амалӣ мешавад.
Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон баргузор шуда, то 16 ноябр дар шаҳри Душанбе идома мекунад.
Дар мусобиқа зиёда аз 250 варзишгар аз 16 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он рушди минбаъдаи шоҳмот дар мамлакат, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон аст.

Шоҳмот: Талош барои барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Блоки рекламавӣ


