Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе: «Тоҷи Сомон»-ро Муҳиддин Музаффар соҳиб шуд
Шоми 19 октябри соли 2025 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон», таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор гардид.
Дар ин маросим, Шоҳҷоизаи беҳтарин филми ҳунарӣ ба коргардони маъруфи тоҷик Муҳиддин Музаффар барои филми “Моҳӣ дар шаст” тақдим карда шуд.
Дар ҷашнвора синамогарону меҳмонон аз кишварҳои гуногун — Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Русия, Гурҷистон ва дигарон иштирок намуданд. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳузури доираи васеи дӯстдорони синамо баргузор гардид.
Синамоҷашнвора бо мақсади муаррифии манфиатҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси ифтихор аз миллат, зебоии табиати диёр, ҷалби сайёҳон ва дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи синамо, дар доираи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027 ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад.
Ғолибони дигар номинатсияҳо:
Беҳтарин коргардон – Алексей Герман (Русия), барои филми «Ҳаво»
Беҳтарин наворбардор – Константин Бесаҷе (Беларус), барои филми «Қасри сиёҳ»
Беҳтарин оҳангсоз – Фарзин Халакбар (Эрон), барои филми «Моҳӣ дар шаст»
Беҳтарин нақши мардона – Алтаншагай Ганбаатр (Муғулистон), барои филми «Падар»
Беҳтарин нақши занона – Анастасия Тализина (Русия), барои филми «Ҳаво» ва Таҳмина Раҷабова (Тоҷикистон), барои филми «Хоби сурх»
Беҳтарин филми кӯтоҳ – «Занги шомгоҳӣ» (Саодат Казакбаева, Қирғизистон)
Ҷоизаи махсуси ҳакамон – Филми «Шаҳрвандони бом» (Гулшод Сумангулова, Қазокистон)
Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин – Филми «Шаҳзода» (Иван Маниев, Молдова)
Ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе – Турахон Аҳмадхонов (Тоҷикистон), барои саҳм дар рушди кинематография
Ҷоизаи «Синамо бидуни марз» – Филми «Духтари капитан» (Лариса Садилова, Русия)
Дар даври интихобӣ, аз миёни 300 дархости пешниҳодшуда 150 филм барои омӯзиш ва тамошо пазируфта шуда, 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми кӯтоҳ ба озмун роҳ ёфтанд. Филмҳо аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Беларус, Молдова, Индонезия ва Муғулистон пешниҳод шуда буданд.
Ҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» дар шаҳри Душанбе, ба ҳайси як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ, ҳар ду сол баргузор шуда, барномаҳои гуногун, аз ҷумла намоиши филмҳои классикӣ ва филмҳои ғайриозмуниро низ дар бар мегирад.
Абдураҳмон Раҳмонов

Шоҳҷойизаро Муҳиддини Музаффар гирифт
Блоки рекламавӣ


