Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 ҷамъбаст шуд. Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 100 000 cомониро чор нафар иштирокчии фаъоли озмун: дар номинатсияи санъати тасвирӣ Файзигул Раҷабова аз шаҳри Ваҳдат, дар номинатсияи навозандагӣ Разияллоҳ Убайдзода аз ноҳияи Файзобод, дар номинатсияи сарояндагӣ Наврӯзи Досӣ аз шаҳри Душанбе ва дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ Обидҷон Масаидов аз шаҳри Душанбе гирифтанд.
Имсол озмун аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, дизайн ва ҳар номинатсия аз рӯйи се жанр ва номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн аз рӯйи ду жанр доир карда шуд. Ба ғолибони ҷойи якум- як нафар (70 ҳазор сомонӣ), ҷойи дуюм- ду нафар (50 ҳазор сомонӣ) ва ҷойи сеюм- се нафар (30 ҳазор сомонӣ) туҳфаҳои пулӣ ва Диплом тақдим гардид.
Тибқи Низомномаи озмун, имсол барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо шуда буд.

Шоҳҷоизаи Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» насиби кӣ шуд?
Блоки рекламавӣ


