“Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоӣ бо номи “Шоҳин Эйр” сабти ном шудааст ва қарор аст имсол парвозҳояшро оғоз кунад” – гуфт Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи Назарзода, ширкати “Шоҳин Эйр” хусусӣ буда, чор моҳ пеш сабти ном шудааст.
Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ изҳор дошт, ки ширкати “Шоҳин Эйр” феълан 3 чархбол дорад ва қарор аст моҳи август як ҳавопаймои “Эл-400” ворид кунад. Назарзода гуфт, ки “Шоҳин Эйр” барои хариди ҳавопаймои “Боинг” гуфтугӯ дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь