Бо мақсади иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «UAESWATChallenge», дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сафар кард.
Мусобиқаи мазкур аз 7 то 11-уми феврал баргузор гардида, дар он 114 даста аз 48 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.
Иштироки дастаи «Шоҳин» дар ин чорабинии байналмилалӣ ба баланд бардоштани малакаи касбӣ, табодули таҷриба ва муаррифии неруҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Блоки рекламавӣ



