Дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар минтақаи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон мулоқоти сарори давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дар мулоқот, ки бо иштироки Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Сарвазири Қирғизистон баргузор гардид, як зумра масоили вобаста ба омодагӣ ба мулоқоти ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки тирамоҳи имсол баргузор хоҳад гашт, баррасӣ гардид.

Дар охири нишаст Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Фармони Президенти Туркманистон бо ордени “Барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкорӣ” сарфароз гардонида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь