Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, вазири энержии Ӯзбекистон эълон кард, ки ширкатҳои ин кишвар иҷозатнома барои ҷустуҷӯ ва тавлиди манбаъҳои гидрокарбониро аз ҳукумати Толибон (мамнуъ дар Тоҷикистон) гирифтаанд.
Мирзомаҳмудов рӯзи шашуми октябр дар гуфтугӯ бо телевизиони давлатии кишвараш хабар додааст.
Ба гуфтаи Мирзомаҳмудов, мақомоти афғон ба ширкатҳои ӯзбекистонӣ иҷоза додаанд, то корҳои иктишофӣ ва истихроҷи манбаъҳои нафту газро дар дохили Афғонистон сар кунанд.
Ин тарҳ аз нимаи моҳи сентябр, бар асоси як қарордоди 25-сола дар ҳавзаи гази “Тутӣ Майдон” дар шимоли вилояти Ҷузҷон бо ширкати ӯзбекии Eriell KAM, оғоз гардил.
Вазири энергетикаи Ӯзбекистон гуфтааст, “ин марҳилаи нахуст хоҳад буд ва пас аз ба даст омадани натиҷаҳо, ҳамкориҳо ба минтақаҳои дигар низ густариш хоҳад меёбанд”.
Бар асоси маълумоти вазорати маъдани ҳукумати Толибон, ҳавзаи Тути Майдон ҳудуди 7,500 километри мураббаъ масоҳат дорад ва 30 чоҳ дорад.
Ӯзбекистон дар даҳаи оянда ҳарсол ҳудуди 100 миллион доллар дар ин тарҳ сармоягузорӣ менамояд ва гази истихроҷшударо дар кишвари худаш полоиш мекунад.

Ширкатҳои Ӯзбекистон ба Афғонистон роҳ ёфтанд
Блоки рекламавӣ


