Вазири энергетикаи Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов изҳор дошт, ки бо назардошти лоиҳаҳои нави ояндадор сармоягузорони амрикоӣ омодаанд ба бахши энергетикии ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ тақрибан 3-4 миллиард доллар сармоягузорӣ кунанд. Суханони мансабдорро нашрияи Spot.uz бо истинод ба шабакаи Телевизионии “Узбекистон 24” овардааст.
Тавре вазир шарҳ дод, созишномаҳои нав оид ба газификатсияи ангишт, гирифтани гази синтезӣ ва истеҳсоли аммиак, метанол ва дигар маҳсулоти арзиши иловашуда аз он дар назар дошта мешаванд.Вай инчунин дар бораи баъзе ташаббусҳои дигар сӯҳбат кард. Аз ҷумла, дар соҳаи пармакунӣ, вазорати энергетика бо ширкатҳои Schlumberger ва Baker Hughes дар бораи истифодаи технологияҳои муосир, таҷриба ва усулҳои идоракунӣ шартнома баст.
Корхонаи давлатии “Узбекнефтегаз” ва Gulf-и Амрико меморандумеро имзо карданд, ки таъсиси шабакаи нуқтаҳои сӯзишвориро дар саросари ҷумҳурӣ пешбинӣ менамояд. Ин лоиҳа 100 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Мирзомаҳмудов мушаххас кард, ки иваз кардани агрегатҳо дар истгоҳҳои компрессорӣ дар доираи барномаи 2-3-сола ҳадди аққал 800 миллион долларро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки “Эксимбонк” – и Амрико омода аст ба Ӯзбекистон 852 миллион доллар хати қарзӣ кушояд.
Инчунин, мансабдор илова кард, ки ширкати Air Products ният дорад, ки шарикии худро бо Ӯзбекистон васеътар кунад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь