Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд, шинос шуд.
Зимни боздид аз бинои иловагии гимназияи рақами 1 иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо саҳмгузории ширкатҳои сохтмонӣ тибқи нақша ҷараён доранд. Иншооти нав аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таълими беш аз 1400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, Раиси вилоят аз раванди сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дидан намуд. Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он хонандагон дар шароити муосир ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Раиси вилоят масъулинро муваззаф намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода, иншоотро дар муҳлати муқарраршуда ба истифода супоранд.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд бунёди бинои иловагӣ идома дорад. Иншооти нав бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, тибқи лоиҳа аз таҳхона ва ҳафт ошёна иборат буда, дорои 120 кат хоҳад буд. Бунёди бинои муосир имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар гардад. Айни ҳол беморхона дорои 12 шуъбаи махсусгардонидашуда ва 290 кат мебошад.
Инчунин, Раиси вилоят бо рафти сохтмони бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд шинос шуд. Зикр гардид, ки аъзоён ва фаъолони ҳизб дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи ҳадафҳои бунёдгаронаи давлату Ҳукумат саҳми арзанда мегузоранд. Дар идома, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ шинос шуда, таъкид кард, ки бунёди он на танҳо ба таъмини бехатарии шаҳрвандон, балки ба фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Дар гузаргоҳ марказҳо ва нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пешбинӣ гардидаанд. Бо вуҷуди ин, аз сустии корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ шуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин, дар ҳамин мавзеъ ҷараёни сохтмони биноҳои баландошёна мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Солҳои охир бо назардошти талаботи аҳолӣ ба манзили истиқоматӣ, дар шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои баландошёна вусъат ёфта, дар баробари қонеъ намудани талаботи мардум ба манзил, садҳо ҷойи нави корӣ низ таъсис дода шудааст.
Раиси вилоят ба ширкатҳои сохтмонӣ дастур дод, ки ҳангоми бунёди маҷмааҳои истиқоматӣ инфрасохтори заруриро низ пешбинӣ намоянд. Насби панелҳои офтобӣ дар биноҳои навбунёд ҳамчун талаботи замон муҳим арзёбӣ гардида, риояи меъёрҳои меъмориву шаҳрсозӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоот зарур арзёбӣ гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь