Баъзе соҳибкорони ӯзбекистонӣ аз монеагузории мақомоти Тоҷикистон барои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ шикоят кардаанд.
Намояндаи ширкати “Knauf” 17-уми январ дар нишасте бо ҳузури муовини нахуствазири Ӯзбекистон аз он шикоят кард, ки сарфи назар аз пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳо, гумруки Тоҷикистон маҳсулотро бо таъхир ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд ва ин боис мешавад, ки арзиши молу коло 15 дарсад зиёд шавад.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардааст.
Ҷамшед Хоҷаев, муовини нахуствазири Ӯзбекистон аз ин вазъ нигаронӣ карда гуфтааст, ки кишвараш чораҳои монандро барои воридоти молу маҳсулоти Тоҷикистон ҷорӣ хоҳад кард.
Блоки рекламавӣ



