Ҳамлагари дастаи «Регар-ТадАЗ» Шервонӣ Мабатшоев ва сармураббии тими шаҳри Турсунзода Алишер Тухтаев беҳтарин бозингар ва беҳтарин мураббии моҳи сентябр дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ-2025 оид ба футбол дониста шуданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаанд.
Моҳи гузашта ҳамлагари дастаи «Регар-ТадАЗ» Шервонӣ Мабатшоев дар се бозӣ, аз ҷумла, дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 муқобили «Эсхата» (5:0) се гол зада, беҳтарин бозингар дониста шуд.
Моҳи сентябр дастаи «Регар ТадАЗ» бо роҳбарии Алишер Тухтаев чаҳор вохӯрӣ анҷом дод. Футболбозони Турсунзода дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми мамлакат пирӯз шуда, дар Чемпионати Тоҷикистон-2025 низ «Истаравшан» (4:2) ва «Хуҷанд»-ро (1:0) шикаст доданд.
Беҳтарин бозингар ва мураббии моҳи сентябр дар Чемпионати Тоҷикистон-2025 аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар кадом бо 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Асосӣ Хабари рӯз Шервонӣ Мабатшоев беҳтарин бозингар ва Алишер Тухтаев беҳтарин мураббии моҳи сентябр дониста...

Шервонӣ Мабатшоев беҳтарин бозингар ва Алишер Тухтаев беҳтарин мураббии моҳи сентябр дониста шуданд
Блоки рекламавӣ


