Соли равон барои ангишти Тоҷикистон бозори нав – бозори Ӯзбекистон боз шуд. Қаблан Тоҷикистон дар пайи як қатор иқдомоти Толибон (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон) бозори аслии худ – Покистонро аз даст дода буд.
Дар ин бора, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфтааст:
“Дар Панҷакент мошинҳои зиёдеро мебинед, ки ҳомили ангиштанд ва барои убур аз марз навбат мепоянд. Қисми зиёди ангиште, ки ба Ӯзбекистон содир мешавад, ба минтақаи ҷанубе, ки бо мо ҳамсарҳад аст, рост меояд. Ӯзбекистон як бозори барои мо хеле муҳим аст”, – гуфт Шералӣ Кабир.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2025 261,8 ҳазор тонна ангишт, аз ин 261,7 ҳазор тонна ё 98% ба Ӯзбекистон содир шудааст.
Ин рақам дар қиёс бо нимаи аввали соли гузашта 218,2 ҳазор тонна ё 601% дарсад аст. Соли гузашта дар ҳамин давра (43,6 ҳазор тонна) ба маблағи 10,4 ҳаз. доллар ангишт фурӯхта шуд, имсол ин рақам ба 8 миллиону 723 ҳазор доллар ё 598% бештар расид.
Ҳудуди 233 ҳазор тоннаро ширкатҳои соҳаи саноати ангишт, аз ҷумла “Комбинати металлургии Тоҷик” (171,4), “Қудрат 2010” (59,9), “Вена” (1,3), “Ангишти Тахт” (396,2), “Дарё-2015” (52,8), “Дион ангишти Тоҷикистон” (28,3) ва дигар корхонаҳо (28,7 ҳазор тонна) содир кардаанд.
Бино ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, 429,2 ҳазор тонна ё 40,6% -и ангиштро соли равон корхонаҳои давлатӣ ва 626,7 ҳазор тонна ё 59,4%-ро корхонаҳои ғайридавлатӣ истихроҷ кардаанд.
Дар умум дар ним соли гузашта дар саросари кишвар ба маблағи 288 млн сомонӣ ангишт тавлид шудааст, ки суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо ифодаи пулӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 35,1 млн сомонӣ зиёд ё 14% зиёд аст.
Дар баробари ин, фурӯши куллии ангишт 901 ҳазор тонро ташкил додааст, ки аз ин ба аҳолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ – 268,3, муассисаҳои буҷавӣ – 7,7, корхонаҳои саноативу энергетикӣ – 394,3 (аз ин, ба Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе – 342,3) ҳазор тонна фурӯхта ва 261,8 ҳазор тонна содир шудааст.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, бо ишора ба тағйири куллӣ дар содироти ангишт, гуфт, боварӣ дорем, ки имсол ба нишондодҳои хуб ноил мегардем ва соли оянда умедворем, ки вазъ аз ин ҳам беҳтар мешавад:
“Сифати ангишти мо ҳам беҳтар шудааст, зеро агар дар гузашта бештар аз тариқи боз ё рӯизаминӣ ба даст меомад, ҳоло қариб тамоми ширкатҳо онро аз тариқи пӯшида ё зерзаминӣ дар шахтаҳо ба даст меоранд. Дар ин ҳолат сифати ангишт беҳтар ва барои содирот мусоидтар мешавад”, – гуфт Шералӣ Кабир.
Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, тайи ним соли гузашта ангишт бо усули рӯизаминӣ 588,1 ҳазор тонна ё 55,7% ва бо усули зеризаминӣ 461,8 ҳазор тонна ё 40,6% истихроҷ шудааст.
Соли 2022 Тоҷикистон бештарин ангишт – 371 ҳазор тоннаро асосан ба Афғонистону Покистон содир карда буд.
Соли 2023 ҳукумати Толибон(мамнуъ дар Тоҷикистон) дар Афғонистон сари як тонна ангишт ба ҷои 5 доллар 45-50 доллар боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳоро вазъ кард, ки дар пайи он тавлидоти тоҷикӣ рақобатпазирии худро дар бозорҳои Покистону Афғонистон аз даст дод.
Аммо ин, ба қавли мақомоти тоҷик, тасмими сиёсӣ набуд. Дар ду соли ҳукумати худ Толибон ҳудуди 115 корхонаи истихроҷи ангиштро дар қаламрави Афғонистон роҳандозӣ намуда, рӯзона 3 ҳазор тонна ба Покистон ва ҳатто солона 4,5 миллион тонна ангишт ба Ӯзбекистон содир мекарданд.
Як тонна ангишти Тоҷикистон дар бозори минтақа ба 35 то 40 доллар содир мешавад ва афзудани 45 то 50 доллар боҷи гумрукиву дигар пардохтҳо бар арзиши аслӣ рақобатпазирии онро аз миён бурд. Тоҷикистон ҳамин тавр бозорҳои ҷанубиро аз даст дод.
Аммо, бино ба таҳлилҳое, ки дар расонаҳои Покистон нашр мешаванд, ин кишвар бо вуҷуди худ бархӯрдор будан аз манобеъи ҳангуфти ангишт ҳамоно ба ангишти воридотӣ ниёз дорад, зеро аксари нерӯгоҳҳои тавлиди барқи он бо ангишт мечарханд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, бо назардошти воқеиятҳои майдонии минтақа ва эҳтиёҷи рӯзафзуни кишварҳои ҳамсоя бозори ҷанубӣ ҳанӯз ҷаззобияти худро гум накардааст:
“Ширкатҳои мо бо онҳо гуфтугзор доранд ва худи онҳо ҳам манфиатдор ҳастанд, чун эҳтиёҷоти ояндаи худро ҳам муҳосиба мекунанд. Маълум аст, ки барои рушди иқтисод энержӣ хеле муҳим аст. Ангишти худӣ, ки кифоят накард, маҷбуранд ворид кунанд. Тиҷорат ҳам ҳамин аст, хоҳ-нохоҳ роҳи худро пайдо мекунад. Муҳим моли тиҷорат бошад”, – гуфт Шералӣ Кабир.
Тибқи иттилои вазорати саноат ва теххнологияҳои нав, ҳаҷми захираи ангишт дар анборҳои Тоҷикистон ба ҳолати якуми июли соли равон 920 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо захираҳои то шуруъи сол, 155 ҳазор тонна зиёд аст.
Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 16 корхона дар 12 кон фаъолият мекунанд. Соли равон онҳо 1 миллиону 56 ҳазор тонна ангишт истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,2 ҳазор тонна зиёд ва ё суръати афзоиш 112,0%-ро ташкил додааст.
“Спутник”